Реферат дар бораи оила

Обновлено: 02.07.2024

Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонанд. Тавре гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Вақте калимаи устодро ба забон меорем, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мегардад. Аммо ин фикр тамоман чизи дигар аст. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеьдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро мураббӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем. Зеро гуфтаанд:

Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаётиаш кору фаъолиятеро ба касе омӯзад.

Шахсоне ҳастанд, ки ягон мактаби маърифатию илмиро нагузаштаанд, аммо корҳоеро ба субот расонида метавонанд, ки арзиши баланд доранд ва чунин қобилияташон боиси ифтихор аст. Ин гуна шахсонро албатта, метавон устод номид, зеро метавонанд дар дили ҳама гуна афрод бо ҳунари волояшон роҳ ёфта, ҳаваси омӯхтани ҳунареро бедор карда, ҳаётро рангинию хушӣ бахшанд. Воқеан муҳим аст, ки ҳар шахс бояд ҳамин гуна шахсияти ғамхор буда, дар зиндагӣ ягон амали хайреро анҷом диҳад.

Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз заҳматҳои устодони хеш бохабар бошанд, онҳоро кадршиносӣ карда тавонанд, зеро бе захмати зиёди устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Обрӯи шогирдони болаёқат обрӯи устоди онҳост.

Албатта, шахсе, ки барои омӯхтану аз худ кардани коре заҳмат мекашад, бе иззат буда, наметавонад маҳсули меҳнати ҳар як инсони асил аз ҷабри заҳмати кашидааш падид меояд. Ба қавли Румии бузург:

Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,

Ҳар кӣ ҷаҳде кард, бар ҷаҳде расид.

Хулоса, ҳар кору амале ба устод эҳтиёҷ дорад. Наметавон бе дастгирию маводи касе кореро ба анҷом расонда соҳибобрӯ гашт.

Дар ягон давру замон қадр, манзалат ва бузургии одамони дастгир, устодон ва роҳнишондиҳандагон аз байн намеравад. Онҳо ҳамеша чун устоди бузург ва ситораҳои дурахшони ҳаёт мӯътабар ва зинданом буда, ҷамъият ба онҳо ниёз дорад.

Бале, устодон ҳамеша зиндаёданд ва дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба хотир оварда мешаванд, зеро пойдории ҳаёти кас ба устодон – нишондиҳандагони роҳу равиш, касбу камол ва роҳнамоёни зиндагӣ вобастагӣ дорад:

Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,

Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.

Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,

Пойи равон набошад, нури басар набошад…

Шахсияте, ки дар зиндагии хеш ҳунари волои худро ба касе намеомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст. Анъанаи неки мардумӣ омӯзонидани ҳунарҳои воло ба насли ояндаи миллат аст, ки фардои дурахшони ҳаёт аз он сахт вобастагӣ дорад. Зиндаёд будани номи бузургон маҳз тавассути ҳунари воло, дастранҷи зебо ва шогирдони баркамол сурат мегирад: Тавре Саъдии бузург фармуда:

Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,

Зинда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Калидвожаҳо: иншои озод, мавзуи озод, Устод – бехтарин падар, муаллим.


Фото: Муқоваи китоб

Дар Тоҷикистон китобе бо номи "Ҷавонмарди асил" дар бораи Нусратулло Тӯрахонов мулаққаб ба Исматча, яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноии солҳои 80-ум ва оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нашр шудааст.

Таҳиягари ин китоб таърихшинос Ҷалолиддини Сафарзод мегӯяд, ки ин китоб дар бораи қаҳрамониҳои Исматулло Тӯрахонов қисса мекунад ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон нашр шудааст.

Мураттиби китоб ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ӯ дар давоми 7 сол, дар бораи қаҳрамониҳои Нусратулло Тӯрахонов мақолаҳо ва тамоми маводи чопиро аз матбуоти даврӣ ҷамъоварӣ карда, ин китобро бо маблағи шахсияш чоп кардааст.

Ҷалолиддин Сафарзод мегӯяд, пас аз 29 соли марги Исматча дар ин китоб аз шуҷоату ҷонбозии ӯ барои мардуми тоҷик гуфта шудааст.

"Исматулло нафаре ҳаст, ки амалкардҳояш барои пешгирӣ аз ҷангҷӯён нақши калидӣ мебозид. Ман ин китобро барои сулҳу осоиши кишвар ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон азиз ба нашр расонидам. Мақсад аз нашри ин китоб дар он аст, ки бигзор мардум дигар ба васваса ва доми ҷангҷуён дода навашанд".

Таҳиягари китоб иддао дорад, ки "маҳз бо талоши ҳамин гуна ҷавонмардони асили тоҷик мо ба ҳамини рӯзҳои нек расидем".

Ин китоб дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ бо теъдоди 100 нусха чоп шудааст.

Исматча (Тӯрахонов Нусратулло Саидович) 22.09.1961 дар кӯчаи Айнии ноҳияи Совет (ҳоло н.Темурмалик) ба таваллуд шудаву мактабро дар ин ноҳия то синфи 8 хондааст. Баъдан ба Техникуми тарбияи ҷисмонии Душанбе дохил мешавад, вале дар як ҷанҷоли калон, ки гуфта мешавад миёни ҷавонони помириву кӯлобӣ сурат гирфта буд, соли 1983 ӯро маҳкум мекунанду ба зиндони Красноярск мепартоянд, ки баҳори соли 1992 аз зиндон раҳо шуд.

Нусратулло Тӯрахонов дар поёни соли 1992 дар синни ҳамагӣ 31-солагиаш кушта шуд. Исматча қабл аз марг дар як маҳфил хотираҳояш дар бораи ҳодисаҳои соли 1992-ро қисса кардааст. Видеои ин суҳбат, ки 42 дақиқа аст, се сол пеш дар интернет пайдо ва дастраси расонаҳо шуд. Дар ин видео ӯ дар бораи бархе аз гуфтугузорҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ суҳбат мекунад ва аз сиру асрорҳои то ин вақт номаълум парда мебардорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан

Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан

Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан запись закреплена

DELETED

Амир Мирзошарипов

DELETED

Амир, Далил мепрсен забони арабира намедонен. Асосан мумкин нест 3 талок додан. 1 та бояд бти бо нашид 2 та мети. 3 м бор доди тамом. Фарк надора Бародар дар сари кар гуфтай ё не ин талок хисобай. 3 талок додан ин хдш харом аст. Агар талок дар вакти идда(хайз) и Зан додаги шуда боша Кабул нестай.
Талок ин кори шухи ва бози нест. Бехтар ин аст Ки аз ягони уламои Ахли суннат пурсад! Аллаҳу Ъалам

Асадулло Мухамадов

Али Сафоев

Али Сафоев

Амир Мирзошарипов


Хамроев Ахлидин

Меша гирифта обратно, якем бояд вай як одами дигакати хонадор шава ай вай ҷудо шава бо қатӣ ту хонадор шава,

Парвиз Шарипов

Назриев Мустаким


Хамроев Ахлидин ответил Парвизу

Амир Мирзошарипов

Амир Мирзошарипов

Парвиз, ина далелуш Аллах говорит в Коране:
فَإِنْ طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُ مِنْ بَعْدُ حَتَّى تَنْكِحَ زَوْجًا غَيْرَهُ فَإِنْ طَلَّقَهَا فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا أَنْ يَتَرَاجَعَا إِنْ ظَنَّا أَنْ يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ يُبَيِّنُهَا لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ
Если далее он разведется с ней (в третий раз), ему не дозволено жениться на ней, пока она не выйдет замуж за другого. И если и тот разведется с ней, они не совершат греха, если воссоединятся, полагая, что смогут соблюсти ограничения Аллаха. Таковы ограничения, установленные Аллахом. Он разъясняет их для знающих. (Коран, 2:230)


Хамроев Ахлидин ответил Амиру

Назриев Мустаким

Амир Мирзошарипов

Абудовуд Саиддчон

чи ин кадар гумрох шудагием. вактеки талок доди дигар чи хочат ба баен аст. сураи Нисора хонед хамаш маьлум аст.

Sayfidin Eshonov


Sayfidin Eshonov

Sayfidin Eshonov


Sayfidin Eshonov

Али Курбонов


Али Курбонов

Бо далелҳояш фахмондагиян

Парвиз Шарипов

Рости гап ман як амру маъруфи Бобои Хочи Мирзора гуш кардам, Хочи кайд карданд, ки мумкин нест, агар дубора бо у никох кунад никохашон харом аст.

Баходир Дадабаев

Aman Aliev

Баъд аз гуфтани "талоқ" зан бояд шавҳари дигар кунад, сониян бо шавҳари наваш "алоқаи ҷинсӣ" кунад.
Баъд аз 3 руз метавонад зан ба шавҳари аввалааш баргардад ба ШАРТЕ, ки шавҳари нав ҷавоби занро диҳад.

Адхам Шахоб

Aman, ин масъаларо нодуруст фахьмиди! Ва далел низ надори. Сухан дониста гуй. Кадом се руз?? Кучост далел?

Амир Мирзошарипов

أبو-ميكال, Аллах говорит в Коране:
فَإِنْ طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُ مِنْ بَعْدُ حَتَّى تَنْكِحَ زَوْجًا غَيْرَهُ فَإِنْ طَلَّقَهَا فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا أَنْ يَتَرَاجَعَا إِنْ ظَنَّا أَنْ يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ يُبَيِّنُهَا لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ
Если далее он разведется с ней (в третий раз), ему не дозволено жениться на ней, пока она не выйдет замуж за другого. И если и тот разведется с ней, они не совершат греха, если воссоединятся, полагая, что смогут соблюсти ограничения Аллаха. Таковы ограничения, установленные Аллахом. Он разъясняет их для знающих. (Коран, 2:230)

Адхам Шахоб

Амир Мирзошарипов

😊

أبو-ميكال, хайр , баъд далелша ба шумо пешниҳод кадм

Адхам Шахоб

Адхам Шахоб

Амир Мирзошарипов

أبو-ميكال, не гуфта шуда нест , ба дига маъно мафҳмидай у бародармон, ҳич гап не буфаҳмонен, метонан бо якҷоя шаван , вақти зан ба шавҳар бароя , ва агар онҳо ҷидо шаван, ихели неки , туй куна хамхобаги кунаву талоқ гира )

Адхам Шахоб

Адхам Шахоб

3 талок (гуфтани се талокат кардам) дар Ислом нест(агар бошад далел пешкаш кунед). 3 маротиба( бо руси - Этап) талок вучуд дорад( яъне се бор никохь ва се бор талокь), ва пас аз сеюмин талок - никохь хьаром аст байни хамон зану хамон мард. Аммо дар ин посухи шумо чавоб назди уламост, зеро ин ходисаро тафтишот мебоист бурд. Яъне донистан ва осухтани чи гуна ва дар кадом хьолат рух додани ин хьодиса зарур аст!

DELETED

أبو-ميكال,
Дуруст Бародар. Аллох 3 бор шанс мета. Якбора 3 талок гуфтан ин дуруст нест! Ма дар боло хамира кайд кардм.

Сорбон Каландаров

Мусоев Сухроб

Адхам Шахоб

Джасур Джаборов

Комрон Зайнудинов

Комрон Зайнудинов

DELETED

Читайте также: