Бузургон дар ситоиши забон реферат

Обновлено: 02.07.2024

Чаро вазъи имрўзаи баёни осори илмии забони тоҷикӣ чунин ҳузновар аст?

Ба назари мо иллати асосӣ дар набудани тарҷумонҳои касбӣ, адами мавҷудияти системаи воҳиди истилоҳоти илмӣ, риоя нашудани меъёрҳои таълифу тарҷумаи осори илмӣ ва наомўхтани таҷрибаи мамолики пешрафта дар ин самт ниҳон аст. Дар робита ба ин мавзўъ чанд нуқсони умумӣ ва муштараки услуби таълифоти тиббиро зикр карда, баҳри рафъи онҳо пешниҳодҳои мушаххас ба миён мегузорем.

Ҷори намудани истилоҳоти тиббии забони тоҷикӣ дар шароити ҳозира.

Вазъи кунунии нигоришоти илмии забони тоҷикӣ пажўҳиш ва таҳлили амиқу густурдаро тақозо дорад ва мо ба баррасии мухтасари мавзўи мазкур иктифо карда, баҳри беҳбуди вазъи мавҷуда нуктаҳои зерро пешниҳод менамоем:

1. Истиқрори системаи воҳиди истилоҳоти тиббӣ амри зарурист.

2. Терминологияи миллӣ ба ҳайси фанни алоҳида дар макотиби олӣ таълим дода шавад.

3. Кумитаи истилоҳоти Ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо кафедраҳои забони тоҷикии донишгоҳҳо истилоҳоти соҳавиро танзим намояд.

4. Забон ва услуби нигориши осори илмӣ пайваста мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқу ҷиддӣ қарор гирад.

5. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта (Россия ва Эрон) дар роҳи таълифи осори илмӣ мавриди омўзиш қарор гирад.

Ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки забони илмии форсии тоҷикӣ аз оғози худ ду асли бунёдии забони илмиро фаро гирифтааст: яке ин ки бофти он холӣ аз иҳому ибҳом ва ҳашву завоид ва саноеи лафзист; дигар ин, ки вожагони илмии он ҳувияти мустақилӣ доранд (1.218.).

Оё ин балоғату нафосат ва фасоҳати забони осори илмии ниёгон имрўз низ мушоҳида мешавад, агар не, чаро ?

Чаро вазъи имрўзаи баёни осори илмии забони тоҷикӣ чунин ҳузновар аст ?

Ба назари мо иллати асосӣ дар набудани тарҷумонҳои касбӣ, адами мавҷудияти системаи воҳиди истилоҳоти илмӣ, риоя нашудани меъёрҳои таълифу тарҷумаи осори илмӣ ва наомўхтани таҷрибаи мамолики пешрафта дар ин самт ниҳон аст. Дар робита ба ин мавзўъ чанд нуқсони умумӣ ва муштараки услуби таълифоти тиббиро зикр карда, баҳри рафъи онҳо пешниҳодҳои мушаххас ба миён мегузорем.

1.Яке аз шартҳои асосии услуби илмӣ кўтоҳбаёнӣ ва парҳез аз тавзеҳу тафсили зиёдатист ва ин нукта дар аксар таълифоти тиббӣ риоя нашудааст. Ба пиндори ин ҷониб падидаи мазкур дар натиҷаи тарҷумаи таҳтуллафзии ибораву ҷумлаҳои забони русӣ ба забони тоҷикӣ иттифоқ афтодааст, ки инак намунае чанд аз онро бар мешуморем:

2. Мантиқан ва илман ғалат будани маънои ибораву ҷумлаҳо:

Ситемаи марказии асаб (системаи асаби марказӣ); Дандонҳои курсии хурд ва данонҳои курсии калон(дандонҳои хурд ва калони курсӣ); Дар аксҳои рўи навзод ибтидои дандонҳои шириро дидан мумкин аст, ки дар дохили ҷоғ ҷойгиранд; Асабонии забон ба таври зерин сурат мегирад; ин ғадуд сохти ҳиссачагӣ дошта…; Шакли сояи дарози бошиддатеро дорост, ки дар заминаи равшании шушҳо, ки байни дил ва сутунмўҳра воқеъ буда, равшан ба назар мерасад ва ғ.

3.Ҷумлаҳои муғлақу мавҳум, ки ба табиати сарфу наҳви забони тоҷикӣ созгор нестанд:

Футуркунии санг, раванд (эксперимент), сурохроҳӣ, хунофарӣ, чона, пайомади беморӣ (осложнение), андомгунсоз (протезист), омили таҳҷоӣ, лати гурда, инҳирофи пешобравҳо, тармими пешобрез, ҷавонаомос, сўзиши пешоб, идрори дарднок, пешобхунҷамъ, дунгича ва теппача, ғурриҳо (выступ) ва ғ.

5. Тарҷумаи нодуруст ва носаҳҳеҳи истилоҳот дар луғатҳои соҳавӣ;

Пешобшинос (уролог), бегона (антиген), мунч (культя), дандони осиё (коренной зуб), андомгунсоз (протезист), вазоифшинос (физиолог), вазоифшиносӣ (физиология), афъолшиносӣ (физиология), вазоифшиносии меҳнат (физиология труда), вазоифшиносии ҳавонавардӣ (физиология авиационная), буняшиносии эътидолӣ (нормальная физиология), вазифаи мўътадил (функция физиологическая), пурз (ворсинка), зиёдшавӣ (дупликация), пешобрав (мочеточник), дарзи пешобрез (уретраграфия), даҳонбастагӣ (резцовое перекрытие), мадҳушшиносӣ (анестезиология), дарғот (клапан), ҷурсума (бактерия), ҷурсумахўр (бактериофаг), балъ, балъиш (глотание), душбалъӣ (затруднённое дыхание), кашшоф (абсорбент, ки маънии ҷазбкунандаро дорад),даркашидан, рубоиш (абсорбция), имтисоси ғозот (абсорбция газов), шошабанд (анурия), бебузоқӣ (асилия, ҷудо нашудани оби даҳон), резабин (микроскоп), қандсозӣ (гликогенез), полоя (фильтр), қатиқи майна (вещество мозга белое) ва садҳо истилоҳи дигар.

6. Истифодаи муодилҳои зиёд барои ифодаи як мафҳум: кашшоф, даркашидан, рубоиш, имтисос барои истилоҳи абсорбция; вазоифшиносӣ, буняшиносӣ, афъолшиносӣ барои истилоҳи физиология; бавл, пешоб, идрор, шоша,меза барои истилоҳи моча; орбита, чашмхона, коса (косахона)-и чашм, ҳадақа, ҳуфраи чашм, мағоки чашм, чуқурии чашм барои истилоҳи глазница; дунгӣ, теппача, ғуррӣ, ҳадба барои истилоҳи выступ; нах, тор, лиф барои истилоҳи лимфа; сўрохроҳа, ҷавф, ковокӣ барои истилоҳи полость ва ғ.

7. Аз ибораҳои изофӣ сохтани таркибҳои дурушту номаънус: омоси ҷавона – ҷавонаомос, дандонҳои осиё- осдандон, лўлаи шунавоӣ – шунудлўла, дандони пеш – пешдандонӣ, дандони курсӣ –курсидандон, коми нарм ва сахт –нармком ва сахтком, бофтаи мурда – мурдабофтагӣ, обилаи чиркдор – чиркобила, ҳисси беш – бешҳиссӣ, бешрушдӣ, оби даҳон – обдаҳон ва ғ.

8. Ба эътибор нагирифтани қобилияти гардишпазирии истилоҳот, ки боиси рух додани падидаи нохуби истилоҳоти илмӣ, яъне пайдо шудани муродифҳо мегардад: вожаи бавл қобилияти калимасозӣ надорад, бинобар ин ҳамон як муаллиф аз вожаҳои пешоб, шоша, идрор ва ҳатто меза истифода кардааст (3). Ҳамин тавр, вожаҳои нодурустиҳо (аномалия) (10), даҳоншиносӣ (стоматология) (8), наомадани дарун (запор) (3), зоидаҳо (анофиз) (4 ) ва ғ.

9. Аз мадди назар дур мондани хусусияти номинатививу тафриқагузории истилоҳот, чунончи калимаҳои зеринро ба ҳеҷ ваҷҳ истилоҳ номидан мумкин нест: бесомонӣ (расстройство), иллат(аномалия), ной (мочеточник),самим(скелет), пешобрез (уретра), бод (отёк), садама, сакта ва садама (шок), пайдоиш (патогенез), дона (гранула), ҷурсума (бактерия), кафшерак (comissura), дарғот ва ғилофак (капсула), мушаки бигизӣ (шиловидная мышца), аррапушт, тахтапушт (позвоночник), пайкар (тело) ва ғ.

10. Барои ифодаи як мафҳум истифода кардани якчанд калима ва пайдо шудани синонимҳо, ки ин низ барои услуби илмӣ падидаи номатлуб ба шумор меравад: бигизӣ, дарафшшакл барои истилоҳи шилоаидная; сутунмўҳра, аррапушт, тахтапушт барои позвоночный столб; бадзот, бадфарҷом, хабис, табобатнашаванда барои злокачественный опухол; обилаи мурғон, обакон, чечак, сучечак, нағзак, ҷадра ва ғ. барои истилоҳи оспа ва ғ.

11. Якчанд мафҳумро бо як вожа ифода кардан, ки боиси баёни носаҳеҳ ва номушаххас мешавад: ғуррӣ – зоб, аневризм, выступ; ҳалқ – гротань, горло, зев; тарҳ – конструкция, нумў – развитие, стимуляция; маҳбал – влагалища, капсула ва ғ.

12. Истилоҳсозии барғалат бо пасвандҳо: дандонгунсоз, сайқалнок, болгун, брекчамисл, кундалангнокӣ, беруннокӣ, балъиш, рубоиш, полоя, камона ва ғ.

13. Дар зери таъсири қавоиди сарфиву наҳвии забони русӣ ба ивази бандаки изофӣ истифода кардани пешвандҳо, ки сохти ибораву ҷумлаҳоро носолиму сунъӣ месозад: варам дар пой, дард дар шикам, бўй аз даҳон, захм дар девораи рўда ва ғ.

14. Ибораҳои сунъӣ ва ба сиришту табиати забони тоҷикӣ бегона: баланд шудани ҳарорати бадан (таб), кам шудани вазни бадан (лоғар шудан), ба роҳи табиӣ маконидани кўдак (сина маконидан) ва ғ.

15. Дар ивази муодилҳои хушоянд ва муравваҷи забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор додани вожаҳои нави аврупоӣ:

Структура (сохт, таркиб), перфоратсия (инсидод), контрол (тафтиш, назорат), ядро (ҳаста), пневмония (газаки шуш), дизенфексия (гандзудоӣ), антитела (подтан), дизентерия (исҳол), гастрит (газаки меъда), инфексия (сироят), артерия (шарён), вена (варид ) .

1. Абдураҳмонов Ф.А. Анатомияи одам, ҷилди 1. Душанбе. 1995. С. 226

2. Абўалӣ ибни Сино. Қонуни тиб, қисми 1. Душанбе. 1989. С..98

3. Баҳор Маликушшуаро, Сабкшиносӣ, Теҳрон,1375 ҳ, С. 16

4. Дар бораи забони форсӣ (Маҷмўаи мақолаҳо), Теҳрон,1375 ҳ, С. 218

5. Исҳоқӣ Ю.Б., Расули М.Я., Умаров У.У. Луғати гўш-бинӣ – гулўшиносӣ, Душанбе. 2002. С. 49

6. Қодирӣ Т. Бемории санги бавл. Душанбе, 1993. С. 66

7. Қодирӣ Т. Мунтахаби дарсҳои пешобшиносӣ. Душнбе, 2000. С. 83

8. Қодирӣ Т. Луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ оид ба пешобшиносӣ. Душанбе, 2001, С. 123

9. Расули М.Я. Луғати вазоифшиносӣ. Душанбе, 2001. С. 201

10. Соатов И.С. ва диг. Луғати мухтасари даҳонпизишкӣ, Душанбе, 2001. С. 133 ҷилди. 2. Душанбе, 1996. С. 234

11. Усмонов М.У. Анатомияи одам, қисми 1. Душанбе, 1996. С. 285

Калимаҳои калидӣ: истилоҳот, тиб, шароити кунонӣ, забони тоҷикӣ

Дар мақолаи мазкур нишон дода шудааст, ки яке аз шартҳои асосии усули илмӣ кутоҳбаёни мебошад ва он усул дар аксар таълифоти тиббӣ риоя нашудааст. Мантиқан ва илман ғалат будани маънои ибораву ҷумлаҳо. Тарҷумаи нодуруст ва носаҳеҳи истилоҳот дар луғатҳои соҳавӣ. Истилоҳсозии барғалат бо пасвандҳо.

Ключевые слова: терминология, медицина, современные условия, таджикский язык.

Данная статья указывает на то, что одним из необходимых условий для использования медицинской терминологии является краткость и лаконичность, что во многих медицинских учреждениях не соблюдается. Кроме того, при анализе документации медицинских учреждений выявлено нелогическое и ненаучное содержание многих выражений и предложений, неправильный перевод и неточная терминология в медицинском словаре, а такие ошибки в словообразовании при помощи суффиксов.

Key words: terminology, medical, modern conditions, tajik language

This article indicates that one of necessary conditions for use of medical terminology is the brevity and the pithiness which in many medical institutions isn’t observed. Besides in documentation analysis medical establishments the logic and unscientific content of many expressions and the offer, the wrong transfer and inexact terminology in the medical dictionary, and such mistakes in word-formation by means of suffixes is revealed.

Нажмите, чтобы узнать подробности

Умуман кобилияти математики хам ба кудакон ва калонсолон лозим аст.

Оё метавонед гуед ки омузиши математика ба шумо чи дод? Оё метавонед ба хонанда фахмонед ки омухтани математика барои у чи зарурият дорад?

Бояд хар як шахс хар як хонанда хис кунад , донад ,ки машгул шудан бо математика махсусан зарур аст , хатто агар дар оянда хаёти у бо математика алокаманд набошад.

Математика тафаккури мантикиро инкишоф медихад

Математикаро омухта истода хонанда чунин махоратхоро сохиб мешавад.

Умумигардони ва муайян кардани фикри асоси.

Тахлил кардан ва ба тартиб даровардани акида.

Конуниятхоро дарёфт кардан.

Муайян намудани сабаб ва натича.

Мухокима рондан,хулосаи дуруст баровардан.

Мантики, абстракти ва стратеги фикр карда тавонистан.

Чи гунае ки варзиши бадан чисми инсонро инкишоф медихад, хамин хел омузиши математика майнаи сарро такомул дода чахонбиниро васеъ мекунанд ва зехнро кави мегардонад.

Машгулият бо математика хотираро мустахкам мегардонад.

Олимон донишгохи Стэнфорди ШМА равиши халкунии масъалахои математикиро омухта истода ба хулосае омаданд, ки дар бештар холат маълумот аз хотира дарёфт карда мешавад. Кудакон хангоми хисоб чубчахо, ангуштон ё предметхоро истифода мебаранд. Калонтар ки шуданд аллакай ин амалхоро дар хотираи худ ичро мекунанд.

Математика тарбия мекунад.

Барои халли дурусти масъалахои математики ва мантики диккатноки, масъулиятноки, вазифашиноси, покизакори ва боинтизоми заррур аст.

Математика омузиши фанхои гуманитариро осон мегардонад.

Дар омузиши илмхои гуманитари хотираи кави ва диккатноки зарур аст ки

ин хислатхоро метавон дар равиши омузиши математика пайдо кард.

Математика –фаннест илмхоро ёрирасон ва бо физика, химия , география

ва геология алокамандии зич дорад. Сотсиология , иктисодиёт чузъи чудонашавандаи онанд. Лекин чунин фанхо ба монанди лингвистика, журналистика ба мафхумхо ва моделхои математики, конуниятхои мантикии математики такя мекунанд.

Махорати халли масъалахои рузгорро такмил медихад.

Тахмин намуда ба куввахои гайр умед бастанро математика инкор мекунад.

У дуруст мухокима рондан ва алгоритми амалхои худро тартиб дода хулосаи дуруст бароварданро талкин мекунад.

Хулосаи бемантик инкор карда мешавад, амалхо бо тартиби муайян накшабанди мешаванд.

Маълумот зуд азхуд мешавад. Он на танхо азхуд мешавад балки дар натичаи фикрронии мантики хулосахои дуруст пайдо мешаванд ва холати баамаломада дуруст тахлил мегардад.

Математика гарави инкишоф дар зинахои касби аст.

Агар якчанд сол пеш забондони барои инкишоф дар зинахои касби мухим буд,хозир бо донистани якчанд забон касеро ба хайрат гузоштан осон нест.Имруз зарур аст бо технологияи замонави шинос бошед, сохиби тафаккури мантики бошед, масъалахо гайристандартиро хал карда тавонед умуман кобилияти математики бояд дошта бошед.

Машгулиятхои математикии натичабахш ба шахс бовари ба амалхои худ, максаднок фаъолият намудан, аз мушкилихо нахаросиданро меомузонанд.

Халли масъалахо пойдориро дар холати рухи (психологи) хосил мекунад.

Халли масъалахои математики мувофики хулосаи кормандони донишгохи Дюки ШМА инсонро аз хавотири озод намуда холати рухиро ба танзим медарорад. У барои худидоракуни ёрии амали расонда асабнокиро бартараф месозад

Умуман халли мисолу масъалахои математики ба шахсе ки математикаро чиддан меомузад кайфиятеро медихад ки навозандагону сарояндагон онро эхсос мекунанд, шоирону нависандагон хангоми мутолиаи асари худ аз он лаззат мебаранд. Зебогии формулаву халхоро математик бо чашмони рассом мебинад.

Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан

Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан

Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан запись закреплена

Абу Али Ибн Сина Avicenna

16 августа 980 – 18 июня 1037. Период правления Саманидов.

Мало кто знает, но именно сегодня 16 августа 980 года на свет появился великий таджикский ученный Абу Али ибн Си́на, которому было предназначанно оставить ярчайший свет в истории человечество.

Абу Али Ибн Сина (Авиценна)Таджикский врач, учёный, философ и поэт Абу Али аль Хусейн ибн Абдаллах Ибн Сина (латинизированное имя – Авиценна) родился в с. Афшана, близ Бухары. Жил в Средней Азии и Иране, изучал в Бухаре математику, астрономию, философию и медицину, занимал должности врача и везира при различных правителях.

В 1015—1024 гг. жил в Хамадане, сочетая научную деятельность с весьма активным участием в политических и государственных делах эмирата. За успешное лечение эмира Шамс ад-Давла он получил должность везира, но нажил себе врагов в военных кругах. Эмир отклонил требование военных предать Ибн Сину казни, но принял решение сместить его с занимаемой должности и выслать за пределы своих владений. Через сорок дней с эмиром случился очередной приступ болезни, который заставил его отыскать ученого и вновь назначить своим министром.

После смерти эмира за попытку перейти на службу к правителю Исфахана на четыре месяца он был заточен в крепость. В последние годы жизни служил в Исфахане при дворе эмира Ала ад-Давла. Перед смертью он приказал отпустить всех своих рабов, наградив их, и раздать всё своё имущество беднякам.

Ибн Сина был учёный, одержимый исследовательским духом и стремлением к энциклопедическому охвату всех современных отраслей знаний. Философ отличался феноменальной памятью и остротой мысли.

Лекарство для бессмертия

По преданию, почувствовав близкий конец, Ибн Сина решил дать бой смерти. Он приготовил 40 снадобий, которые надлежало последовательно применить в случае его смерти, и продиктовал правила их использования своему самому верному ученику. После смерти Ибн Сины ученик приступил к оживлению, с волнением замечая, как немощное тело старца постепенно превращается в цветущее тело юноши, появляется дыхание, розовеют щёки. Оставалось последнее лекарство, которое нужно было влить в рот и оно бы закрепило жизнь, восстановленную предыдущими снадобьями. Ученик был так поражён произошедшими изменениями, что выронил последний сосуд. Спасительная смесь ушла в глубину земли и через несколько минут перед учеником лежало дряхлое тело учителя .

Труды по медицине

Основные медицинские произведения Ибн Сины:

Читайте также: